Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи Обама барои ҳамкорӣ бо СММ


Агарчӣ ҳукумати Амрико аз ширкат дар як нишасти муҳими Созмони Милал дар мавриди нажодпарастӣ даст кашид, вале Барак Обама – раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ваъда дод, ки ҳукуматаш барои муқобила бо нажодпарастӣ бо Созмони Милал кор хоҳад кард. Амрико аз он хотир аз ширкат дар конфронси байналмилалии Дурбан даст кашидааст, ки дар тарҳи ниҳоии эъломияи он сионизм ва нажодпарастиро баробар донистаанд. Ҳамоиши мазкур имрӯз дар шаҳри Женева оғоз мешавад. Конгресси Яҳудиёни Аврупо, ки дар шаҳри Порис қароргоҳ дорад, аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хостааст, дар ин ҳамоиш ширкат накунанд. То кунун Ҳолланд, Итолиё, Австралия, Амрико, Исроил ва Канада эълом кардаанд, ки намояндагонашонро ба ин ҳамоиш намефиристанд.
XS
SM
MD
LG