Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аёд Самораӣ раиси парлумони Ироқ интихоб шуд


Маҷлиси миллии Ироқ бо интихоби вакили суннӣ Аёд Самораӣ ба раҳбарии парлумон ба бӯҳрони раҳбарӣ, ки чанд моҳ боз аз домани маҷлис гирифта буд, поён дод. Акнун парлумон имкони расидагӣ ба ислоҳоти муҳимеро, ки 4 моҳ боз дар ҳоли таълиқ қарор дошт, пайдо мекунад. Аёд Самораӣ, ки дар замони ҳукумати Саддом Ҳусайн чандин солро ба ҳайси паноҳанда дар Бритониё ба сар бурдааст, дар раёсати Маҷлис Маҳмуди Машҳадониро, ки рӯзи 23 декабр истеъфо дод, иваз кард.
XS
SM
MD
LG