Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав кушта шуд


Хабаргузориҳои русӣ аз қавли мақомоти шаҳри Маскав навиштаанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи шанбе, 18 апрел дар кӯчаи Яблочков, дар наздикии истгоҳи метрои “Тимирязевский” ҳадафи ҳамлаи се нафари ношинос қарор гирифта, бо чанд зарби корд кушта шуд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар як ширкати бузурги сохтмонӣ кор мекард. Тафтишот бар ин бовар аст, ки қатли ӯ дар заминаи адовати қавмӣ сурат гирифтааст. Дар қиболи ин ҷиноят тибқи банди 105-уми қонуни ҷиноии Русия, ки одатан дар мавриди ҷиноёти гурӯҳҳои қавмгаро истифода мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG