Пайвандҳои дастрасӣ

Таваҷҷӯҳи Аҳмадинажод ба ҳуқуқи Собирӣ ва Дурахшон


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод хостори мурооти ҳуқуқи хабарнигори зиндонишудаи эронитабори амрикоӣ Роксана Собирӣ ва блоггери эронитабори канадоӣ Ҳусейн Дурахшон шуд. Аҳмадинажод дар номае аз додситони Теҳрон Саид Муртазавӣ хост, мурооти куллия ҳуқуқ ва озодиҳои ин ду нафарро тазмин диҳад. Роксана Собирӣ рӯзи шанбе бо ҷурми ҷосусӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳусейн Дурахшон аз моҳи ноябри соли гузашта дар боздошт ба сар мебарад, вале иттиҳоми алайҳи ӯ эълоншуда ҳанӯз рӯшан нашудааст.
XS
SM
MD
LG