Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи мушакӣ дар марзи Покистон


Мақомоти маҳаллӣ дар шимолу ғарби Покистон мегӯянд, субҳи имрӯз бар асари ҳамлаи мушакии ғолибан нирӯҳои Амрико алайҳи як пойгоҳи ҷангиён дар минтақаи қабиланишини Вазиристони ҷанубӣ 3 нафар кушта шуданд. Амрико дар анҷоми як силсила ҳамалоти мушакӣ дар манотиқи марзии Покистон муттаҳам мешавад. Ҳамлаи имрӯза ба дунболи ҳамлаи интиҳории рӯзи шанбест, ки бар зидди як корвони низомӣ дар ноҳияи Ҳангуи Покистон анҷом шуда, 27 кушта ба ҷо гузошт. Масъулияти иҷрои он ҳамлаи маргталабонаро Толибони Покистон бар дӯш гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG