Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин ба истеъфои Саакашвилӣ исрор меварзанд


Мухолифини гурҷӣ бо нашри як баёния гуфтанд, ки ба талаби истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ пойбанд боқӣ мемонанд. Ин изҳорот дар ҳолест, ки шумори тазоҳургарони тарафдори мухолифин дар Тифлис рӯз то рӯз коҳиш ёфта, дар матбуот сарусадоҳое нашр шуданд, ки дар миёни аҳзоби мухолиф бар сари ин масъала, ки оё бо Саакашвилӣ вориди музокирот шаванд ё на, ихтилофи назар бархостааст. Мухолифин мегӯянд, раҳпаймоиҳои эътирозии худ бо талаби истеъфои Саакашвилиро рӯзи сешанбе дар пайи хатми иди Пок аз сар хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG