Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҷангиёни толиб ба пулис дар Корези Шайха


Ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба посгоҳи пулис дар вилояти Фароҳи Афғонистон субҳи имрӯз 5 афсари пулисро кушта ба ҷо гузошт. Сухангӯи Толибон гуфт, нирӯҳои толиб аз посгоҳи пулис дар минтақаи Корези Шайха силоҳу муҳимот ба даст овардаанд. Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои НАТО мегӯянд, рӯзи шанбе дар як амалиёт дар вилояти Луғар 3 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд. Аммо мақомоти афғон мегӯянд, ҳарсе нафари кушташуда ғайринизомӣ буданд.
XS
SM
MD
LG