Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи раҳбарони Амрикои Лотинӣ аз Обама


Раҳбарони Амрикои Лотинӣ нишасти сарони 34 кишвари Созмони кишварҳои Амрико дар Порт оф Спейнро муваффақ ва раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро ҳамкори мусбат хонданд. Раҳбари Венесуэла Ҳуго Чавес, яке аз мунаққидони шадиди Амрико дар минтақа, гуфт, ки мехоҳад ба зудӣ сафири навашро ба Вошингтон бифиристад. Вазорати хориҷаи Амрико низ баъдан гуфт, масъалаи бозгашти фиристодааш ба Каракасро ба омӯзиш гирифтааст. Равобити дипломатӣ миёни Венесуэлаву Амрико моҳи сентябри соли гузашта қатъ шуд.
XS
SM
MD
LG