Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масеҳиёни ортодокс иди Покро ҷашн мегиранд


Тақрибан 200 миллион пайрави мазҳаби православии дини масеҳӣ имрӯз дар саросари ҷаҳон иди Покро ҷашн мегиранд. Иди Пок ба хотири таҷлил аз зуҳури дубораи Исои Масеҳ баъди се рӯзи таслиб шудани ӯст. Шаби гузашта дар намоизи иди Пок дар калисои Исои Наҷотбахш дар Маскав раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин ҳузур доштанд. Ба далели фарқи тақвими мазҳабӣ, пайравони мазҳаби ортодоксалӣ дар Русияву Украинаву Беларус, Юнону Арманистон ва дар дигар кишварҳо иди Покро як ҳафта дертар аз соъири масеҳиён таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG