Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ - муовини раиси Иттифоқи ҷавонон


Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи якшанбе дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муовини раиси ин созмон интихоб шуд. Дар ҳамин анҷуман ба раҳбарии Иттифоқи ҷавонон Маликшоҳ Неъматов интихоб гардид. Неъматов раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишу сайёҳати назди ҳукумати Тоҷикистон низ мебошад.
Рустами Эмомалӣ бахши иқтисоди донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, таҳсилро ба ҳайси шунавандаи озод дар Донишгоҳи давлатии Маскав идома медиҳад ва ҳамзамон дар кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ифои вазифа мекунад. Рустами Эмомалӣ фарзанди дуввуми президенти Тоҷикистон аст, ки ба курсии расмӣ менишинад. Ду сол қабл Озодаи Эмомалӣ, духтари президент, раҳбари идораи консулии вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъйин шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ 9 фарзанд – 7 духтар ва 2 писар – дорад.
XS
SM
MD
LG