Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сомалӣ ҳукми шариъат ҷорӣ мешавад


Парлумони Сомалӣ рӯзи шанбе тарҳеро тасвиб кард, ки дар ин кишвари африқоӣ қонунҳои шариъатро ҷорӣ мекунад. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли муовини раиси парлумони Сомалӣ Усмон навишт, ки вакилони маҷлис аз ин пешниҳод бо иттифоқи оро пуштибонӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом таскин додани исломиёни тундрав аст, ки аз соли 1991 бо ҳукумат даргири ҷанги шаҳрвандӣ буда, ҷорӣ кардани қонунҳои шариъатро пешшарти хатми ҷанг қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG