Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садҳо узв ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамоишеро ба хотири бузургдошти Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, дар қароргоҳи ин ҳизб доир карданд. Масъулони ҳизб мегӯянд, ин иқдом ба дунболи пешниҳоди президент Раҳмон гирифта шудааст, ки соли 2009-умро ба унвони Соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа, мулаққаб ба Имоми Аъзам, эълон карда буд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, эълони ин пешниҳод аз сӯйи созмонҳои мазҳабӣ метавонист аз тарафи масъулони расмӣ ба мавонеъ дучор шавад. Аммо ҳоло ки ин пешниҳод аз забони раисиҷумҳур садо додааст, ба гуфтаи ӯ, масъулони давлатӣ ҳам хоҳу нохоҳ барои баргузории ҷашн ва шинохти Имоми Аъзам талош мекунанд: “Ҳанӯз ҳам дар сатҳи миёнаи давлатдорӣ нафароне ҳастанд, ки тафаккури қолабӣ доранд. Онҳо ҳар иқдоме, ки аз ҷониби ҷомеаи маданӣ, бахусус, ҳизбҳои оппозитсионӣ пеш гирифта шавад, ҳатман дохили як парвандаи манфӣ мебаранд. Хуб аст, ки ин иқдом аз ҷониби президент амалӣ гашт ва дигар тамоми масъулин, ҳатто онҳое, ки нисбати Имоии Аъзам муносибати мусбат надоранд, маҷбуранд барои иҷрои вазифаи давлатияшон ба як рукни иҷрокунавндаи ин барнома табдил шаванд”.

Чунин хушбинии Муҳиддин Кабирӣ дар ҳолест, ки даҳҳо узви ҳизби наҳзат аз бархӯрди мақомоти давлатӣ бо диндорон дар соли Имоми Аъзам нигаронанд. Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш суханронӣ мекард, гуфт, миёни гуфтор ва рафтори мақомоти давлатӣ барои дифоъ аз Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ тафофути бузургеро мебинад. Вай мегӯяд, бо таъкиди мӯътадил будани мазҳаби ҳанафӣ бархеҳо Имоми Аъзамро барои аҳдофи сиёсии худ ҳам истифода мекунанд: “Яъне, ба ин восита ҷомеъаро ором месозанд. Ҳар гуноҳе, ки худашон мекунанд, мепӯшонанд. Агар не, ҳиҷоб фарз аст. Аммо ҳич кас онҳоеро, ки монеъи ҳиҷоб мешаванд, кофир намегӯяд. Аз ин рӯ, мӯътадил гуфта, ба нафъи худ истифода мебаранд”.

Соҳиби Абдулҳай, яке дигар аз ширкатдорони ин ҳамоиш, аз мақомоти давлатӣ хост, ки дар соли Имои Аъзам ба фармудаҳояш амал кунанд. Вай гуфт, агар давлат хостори пуштибонӣ аз мусулмонони кишвар аст, ки беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистонанд, соли Имоми Аъзамро мувофиқи фиқҳи ҳанафӣ таҷлил кунад: “Хоҳиш мекунам аз давлат, ки ин ҷашнро тибқи мазҳаби Имоми Аъзам бигирад. Ҳазрати Имоми Аъзамро ягон тобеъаш арақ намехӯрд, зино намекард ва зидди Ислом ҳарф намезад. Ҳама амалаш тибқи қонуни Ислом буд. На ин ки дар забон…”



Вале Абдувоҳид Шамолов, раиси бахши фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, гуфт, ҳукумат наметавонад ҷашни Имоми Аъзамро бо назардошти сирф қонунҳои мазҳаби ҳанафӣ адо кунад. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки Қонуни асосӣ дунявияти давлатро кафолат медиҳад ва президент кафили Қонуни асосист, наметавонад ин ҳамаро сарфи назар карда, танҳо ба ислом ва қонунҳои он рӯ биоварад. Ин ҳама дар ҳолест, ки дар паёми солонааш президент Раҳмон ин гуфтугӯҳоро, ки давлати Тоҷикистон дар ин авохир арзишҳои дунявиро сарфи назар карда, ба арзишҳои мазҳабӣ афзалият медиҳад, радд кард. Оқои Раҳмон гуфт, давлати ӯ аз асли дунявият, ки Қонуни асосии Тоҷикистон таъйин кардааст, бар нахоҳад гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG