Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми Лебедевро аз рӯйхати номзадҳо бароварданд


Мақомоти интихоботии шаҳри Сочии Русия исми миллиардер Александр Лебедевро аз рӯйхати номзадҳо ба мақоми мири ин шаҳр хатт задаанд. Мақомот мегӯянд, ки Лебедев асноди молиявии лозим барои сабти номзадиашро бо иштибоҳот пур кардааст. Аммо худи Лебедев ин иттиҳомро радд карда гуфтааст, аз Додгоҳи олӣ лағви интихоботи рӯзи 26 апрели шаҳрдори Сочиро тақозо хоҳад кард. Сочӣ мизбони бозиҳои зимистонаи соли 2014-уми олимпист ва ин амр мояи чунин афзоиши таваҷҷӯҳ ба интихоботи шаҳрдори Сочӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG