Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вен Ҷибао хостори хатми яккатозии доллар шуд


Сарвазири Чин Вен Ҷибао хостори нақши бештар дар таҳияи сиёсатҳои иқтисодӣ барои кишварҳое шуд, ки аробаи иқтисод ва тиҷорати ҷаҳонро асосан пули миллии онҳо мечархонад. Вен Ҷибао ҳамчунин хостори таъсиси як низоми пулии чандқутбаи байналмилалӣ шуд, то ки мушкилоти иқтисодии як кишвар натавонад мунҷар ба бӯҳрони саросарии иқтисодӣ шавад. Сарвазири Чин дар ифтитоҳи анҷумани солонаи Боао дар вилояти Ҳайнан дар баробари намояндагони кишварҳои қораи Осиё чунин изҳори назар кардааст.
XS
SM
MD
LG