Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 5 ҷангии дигар дар Афғонистон


Нирӯҳои таҳти фармони НАТО ва урдуи давлатии Афғонистон дар задухӯрдҳо дар вилоёти марказӣ ва ҷанубии Афғонистон 5 нафареро, ки бовар меравад, аз ҷангиён бошанд, ба ҳалокат расондаанд. Мақомоти НАТО мегӯянд, 3 мазнун дар амалиёти рӯзи шанбе дар вилояти Луғар кушта шуд. Дастикам 2 ҷангии дигар дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ болои як пойгоҳи зеризаминӣ дар вилояти Қандаҳор ҷони худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG