Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митчелл бо Муборак мулоқот мекунад


Ҷорҷ Митчелл, фиристодаи хоси Амрико дар умури Ховари Миёна, рӯзи шанбе дар Қоҳира бо раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак мулоқот мекунад. Ин гуфтугӯ бахше аз силсиласафари Митчелл ба минтақа ба хотири ташвиқи ҷараёни сулҳи Ховари Миёна буда, ӯ қаблан бо раҳбарони Исроил мулоқот дошт. Ҷорҷ Митчелл ба раҳбарони Исроил гуфтааст, ки Вошингтон ҳамчунон таъсиси ду давлат – Исроил ва Фаластинро роҳи ҳалли низоъ мешиносад. Давлати кунунии Исроил то ҳол пойбанд буданаш ба ин роҳи ҳаллро баён накардааст.
XS
SM
MD
LG