Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми тозаи Обама ба ҳарду Амрико


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар нишасти сарони 34 кишвари Созмони кишварҳои Амрико, ки давлатҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Карибро муттаҳид мекунад, боз кардани саҳифаи нав дар равобити Амрико бо Куба ва ҳамкории баробар бо соъир кишварҳои ҳарду Амрикои шимолӣ ва ҷанубиро ваъда дод. Дар ин нишаст, ки дар Порт оф Спейн, пойтахти Тринидад ва Тобаго идома дорад, ҳамчунин масоили марбут ба ниёзҳои амниятиву энержии минтақа ва роҳҳои муқобила бо бӯҳрони саросарии иқтисодӣ мавриди баҳси раҳбарон қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG