Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи афсари милиса дар Исфара


Боир Юлдошев, як афсари баландрутбаи милиса дар шаҳри Исфара, 130-километрии Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ҳадафи сӯъиқасди мусаллаҳона қарор гирифта, ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Ин ҳамла зӯҳри ҷумъа дар назди бозори марказии Исфара рух дода, ҳамлагароне, ки ҳуввияташон ҳанӯз шиносоӣ нашудааст, аз туфангча ба пешонӣ ва миёни Боир Юлдошев тир задаанд. Дар моҳҳои август ва сентябри соли гузашта дар байни тақрибан як ҳафта дар Исфара се корманди дигари умури дохила низ ҳамин гуна ҳадафи ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG