Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дасти Чавесро мефишорад


Обама дасти Чавесро мефишорад
Обама дасти Чавесро мефишорад

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар нишасти сарони 34 кишвари Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб, ки дар Порт оф Спейн, пойтахти Тринидад ва Тобаго, доир шуд, тааҳҳуд супурд, ки ӯву давлаташ бо ҳама кишварҳои ҳарду қораи Амрикои шимоливу ҷанубӣ, аз ҷумла бо мунаққидони сарсахти Вашингтон, роҳи ҳамкории баробарро хоҳад ҷуст.

Обама дар Порт-оф-Спейн як сиёсати ҷадид ва ҳамин тавр, як шеваи ҷадид барои ҳарду Амрикоро ваъда дод ва гуфт:
“Дар равобити мо шарики калониву шарики хурдӣ вуҷуд надорад. Ин муносиботи оддиест, ки бар пояи ҳусни эҳтиром, манофеъи муштарак ва арзишҳои воҳид бино шудааст. Ва ман инҷоям, то саҳифаи нави муносиботеро, ки маъмурияти ман ба роҳ хоҳад андохт, боз кунам.”

Барак Обама ҳатто барои Куба, душмани аслии Амрико дар даврони Ҷанги сард умеди “оғози нав” дод. Вашингтон аз замони инқилоби соли 1960, ки давлати коммунистии Фидел Кастроро ба курсии қудрат нишонд, бо Ҳавана равобити дипломатӣ надорад ва аз ҳамон сол алайҳи Куба таҳрими комили тиҷоратӣ ҷорӣ кардааст. Аммо дар нишасти Созмони кишварҳои Амрико, Барак Обама аломат дод, ки ӯ барои музокироти як иддаи масоил бо раҳбарони Куба низ омода ҳаст.
“Ман омодаам, ки маъмурияти ман бо давлати Куба рӯи як силсила масоил – аз қочоқи маводи мухаддиру масоили иқтисодӣ сар карда то ба масоили ҳуқуқи башар, озодии баён ва ислоҳоти демократӣ- вориди гуфтугӯ шавад. Ва як нуктаро бояд рӯшан кунам: Ман ҷонибдори музокирот танҳо ба хотири музокирот нестам. Аммо мутмаинем, ки мо метавонем равобити Амрикову Кубаро дар як масири ҷадид биандозем.”

Аммо Куба, ки ҳанӯз соли 1962 аз узвияти Созмони кишварҳои Амрико ихроҷ шудааст, дар нишасти Порт-оф-Спейн ҳузур надорад. Раҳбари кунунии Куба Раул Кастро гуфт, ӯ барои баҳси кулли масоили мавриди ихтилофи назар, аз ҷумла масоили ҳуқуқи башару зиндониёни сиёсӣ ва озодии матбуот, бо Вашингтон омода ҳаст. Ин изҳороти Кастро баъди он садо дод, ки Амрико тартиби таҳвили пул ба Кубаро соддатар карда, ба амрикоиҳои кубоитабор ҳамчунин иҷозати сафар ба Куба ба хотири аёдат аз хешовандонашонро дод.

Дар нишасти Порт-офСпейн Обама дасти раисҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес, яке дигар аз мунаққидини шадиди сиёсатҳои Амрико дар минтақаро низ фишурд. Чавес дар пайи ифтитоҳи нишаст ба хабарнигорон гуфт, аз ин жести рамзии Обама мутаассир шудааст:
“Ман ин ҳаракати ӯро, ки дасти маро мустақим ва аз наздик фишурд, қадр мекунам. Ман наметавонистам чунин ишорати пурэҳсосро радд кунам. Ва ман бо истифода аз фурсат ба ӯ ҳамон чиро гуфтам, ки 8 сол пеш вақте Буш дасти маро дар нишасти ин созмон фишурда буд, ба Буш низ гуфта будам: “Ман мехоҳам дӯсти шумо бошам.”

Ҳуго Чавес дар як баёнияаш пеш аз оғози нишаст гуфта буд, демократия дар Куба назар ба Амрико бештар аст. Ниёзҳои энерживу амниятии минтақа ва роҳҳои муқобила бо бӯҳрони саросарии иқтисодӣ аз муҳимтарин масоилест, ки раҳбарони 34 кишвари узви созмони ҳамкориҳои Амрико дар нишасти Порт-оф-Спейн ба он хоҳанд пардохт.
XS
SM
MD
LG