Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко ба Италия ва Ватикан сафар мекунад


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, ба Италия ва Ватикан сафар ва бо Попи Рум Бенедикти 16 мулоқот хоҳад кард. Ба иттилоъи Франко Фраттини, вазири умури хориҷии Италия, Лукашенко рӯзи 26 апрел вориди Рум мешавад. Қарор аст, ки рӯзи дуввуми сафар ӯро Попи Рум ба ҳузур бипазирад.
Ин нахустин сафари раисиҷумҳури Белорус ба кишварҳои Аврупои шарқӣ дар 14 соли ахир аст. То чанд моҳи пеш сафари Александр Лукашенко ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ буд - Брюссел Минксро дар нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мекард. Моҳҳои ахир равобити миёни Белорус ва Иттиҳодияи Аврупо беҳбуд ёфт.
XS
SM
MD
LG