Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Медведев аз тамринҳои НАТО дар Гурҷистон


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, тасмими Шӯрои НАТО барои моҳи май дар қаламрави Гурҷистон доир кардани тамринҳои низомиро иқдоми "нодуруст" ва "хатарбор" номид. Дар як нишасти хабарӣ баъд аз музокирот бо раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Маскав сарвари Русия гуфт, ки “ин гуна тасмимҳо ноумед месозанд. Ва барои эҳёи робитаи комили миёни Федератсиони Русия ва НАТО мусоидат нахоҳад кард. Мо бо таваҷҷуҳи зиёд ба он чӣ мегузарад, наззора хоҳем кард ва дар сурати зарурат ин ё тасмимро хоҳем гирифт”.
Қарор аст, дар ин тамринҳо, ки дар чаҳорчӯби барномаи “Ҳампаймонӣ ба хотири сулҳ” доир мешавад, 1300 низомии 19 кишвар ширкат кунанд. Намояндаи НАТО нигарониҳои Маскав аз ин машқҳои низомиро бепояву бунёд хондааст.
XS
SM
MD
LG