Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Дабири Шӯрои амнияти миллӣ зиндонӣ шуд


Бобур Азимов, писари Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Амирқул Азимов, аз рӯи банди 212-уми Кодекси ҷиноии кишвар барои панҷ сол маҳкум ба зиндон шуд. Ӯ ҳамчунин се сол баъд аз раҳоӣ аз маҳбас ҳаққи паси фармони мошин нишастанро нахоҳад дошт.
Дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки Бобур Азимов бегоҳи 17-уми августи соли 2008 ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар роҳи назди Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо мошини тамғаи Тойота-Авалон нафари пиёдагардеро пахш кардааст. Ба думболи ин мошин аз зери идораи ӯ берун шуда дар самти муқобили роҳ бо як мошини дигар бархурдааст, ки бар асари он яке аз мусофирон ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар бо шумули як кӯдак бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд. Бобур Азимов замони рух додани ҳодиса муфаттиши додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.
XS
SM
MD
LG