Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев дар талоши рушди забони қирғизӣ


Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 17-уми апрел, зимни суханронӣ дар Анҷумани чоруми мардуми кишвараш, гуфт, забони қирғизӣ ба ҳайси забони давлатӣ бояд рушд кунад. Вай афзуд, вале бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодӣ бисёрзабонӣ дар Қирғизистон аҳмияти вижаеро касб хоҳад кард.

Ба таъкиди президенти Қирғизистон, вай аз вазъи китобҳои дарсӣ дар мактабҳои ақаллиятҳои миллӣ нигарон аст. Оқои Боқиев аз дастандаркорони идораҳои марбутаи кишвараш тақозо намуд, ки дар зудтарин фурсат ҷиҳати ислоҳи вазъият чораҷӯӣ кунанд ва мактабҳои ақаллиятҳои миллиро бо китобҳои дарсӣ таъмин намоянд.

Президент Боқиев ба дунболи ин ба бӯҳрони шадиди молиявӣ таваққуф намуд ва гуфт, мардуми гуногунқавми кишварашро зарур аст, ки шароити вазнини молиро бо таҳаммул ва мардонавор пушти сар намоянд.

Бино ба суханони раисҷумҳури Қирғизистон, кишвараш дар бозиҳои глобалии сиёсӣ ширкат дорад. Қурмонбек Боқиев гуфт, яке аз ин бозиҳои глобалӣ аз пиёда кардани лоиҳаҳо дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои барқ маншаъ гирифтааст. Вай ҳамчунин ба рӯи нерӯҳои эътилофи зидди террор бастани пойгоҳи низомии Манасро тасмими дуввуми ҷиддии Қирғизистон арзёбӣ кард.

Раҳбари давлати қирғиз ҳамчунин таъкид намуд, ки кишвараш аз фишори мамолики хориҷӣ ба ҷараёни интихоботии президентӣ орӣ нахоҳад буд. Вай афзуд, ин фишор ба бунёди нерӯгоҳҳои обии барқ дар болои рӯдхонаи Норин ва бастани пойгоҳи низомии Манас робитаи қавӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG