Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони низомии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи сармозадагии узвҳои бадани сарбозон дар Бадахшон ҳодисаи нахустин дар таҷрибаи артиши ин кишвар аст ва баъди таҳқиқи мӯшикофонаи ин ҳодиса ҳатман муҷримон ҷазо хоҳанд гирифт.

Дар як сӯҳбати бидуни микрофон бо радиои Озодӣ Юсуф Раҳмонов гуфт, феълан наметавонад ҳеҷ касро масъули рӯй додани чунин як
"Соли гузашта 16 сарбоз даст ба худкушӣ задаанд"
фалокате ном барад. Вай гуфт, мутаассифона, шароити табиии Бадахшон сахт аст, ба бархе нуқот нақлиёт ҳаракат намекунад, аммо марзбонон бояд вазифаи аслии худ - ҳимояти сарҳадро дар ҳама шароит анҷом диҳанд. Юсуф Раҳмонов гуфт, мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон ҳатман ба сарбозони сармозада ва хонаводаҳои онҳо баъди анҷоми ҳама таҳқиқот ҷубронпуливу нафақа пардохт хоҳад шуд.

Назар ба иттилои мақомоти додситонии низомии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар кишвар шаш ҳодисаи марги сарбозони қисмҳои низомии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Тирамоҳи соли 2007 ҳодисаи дар паи садамаи як мошини борбари ҳомили панҷ тонна картошка дар роҳи мошингарди Рашт-Душанбе кушта шудани чор сарбоз барои бисёриҳо такондиҳанда буд. Ин сарбозонро баъди анҷоми мӯҳлати хизмати дусола волидонаш дар манзилҳояшон интизор буданд.

Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани сарбозон ҳам ба назари худи масъулин як андоза зиёд шудааст. Соли гузашта 16 сарбоз даст ба худкушӣ задаанд, мегӯянд масъулини додситонии низомии Тоҷикистон. Аммо дар айни замон меафзоянд, ки аксари ин ҳолатҳо бо сабаби нороҳатиҳои хонаводаии ҷавонҳо рӯй медиҳад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин замина мегӯяд ҳоло шароити зиндагиву хизмати сарбозӣ дар артиш назар ба гузашта беҳтар шудааст, бисёри ҷавонҳои аз хизмати нороҳатшуда омода нестанд, ки базудӣ тартибу низоми вижаи артишро пазируфта, мувофиқи режими низомӣ зиндагӣ кунанд.

Дар маҷмӯъ, бисёр мақомоти интизомии Тоҷикистон вуҷуди мушкилоти марбут ба зӯргӯиҳои афсарону сарбозони ботаҷриба аз болои наваскаронро рад намекунанд. Додгоҳи олии низомии Тоҷикистон ахиран гуфтааст, ки соли ҷорӣ чаҳор афсар дар муомилаи берун аз чорчӯби оиннома бо зердастон ва берун омадан аз ҳадди ваколатҳои хидматиашон муттаҳам шудаанд. Ин афсарон барои то ҳолати худкушӣ расондани ду сарбоз муттаҳам дониста ва аллакай зиндонӣ шудаанд.

Аммо оё танҳо ҳамин муҷозоти ҳуқуқии муҷримон ва пардохти маблағе ба унвони дастгирии молии хонаводаҳои сарбозон метавонад пеши роҳи такрори ингуна ҳодисаҳо ва аз лату кӯбу ҳалокат ва худкушиҳои сарбозон ҷилавгирӣ кунад? Оё дар баробари қонун мақомот масъулияти маънавии ба дасти волидон сиҳҳатманду солим баргардонидани ҷигарбандонашонро доранд ё на? Дар ин замина таҳлилгари низомии рус Павел Фелгенгауэр гуфт, ки танҳо бо мудохилаи фаъоли ҷомеа, расонаҳои хабарӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мешавад вазъро тағйир дод:

"Дар давлатҳои оддии демократӣ маъмулан матбуот бештар аз ҳама бонги изтироб мезанад, ки маъмулан тағйироти ҷиддӣ ҳам дар пай дорад. Чанд сол пеш дар Русия ҳодисаи ҳамсоне рӯй дод, вақте даъватшавандаҳоро аз Маскав ба Магадан интиқол медоданду онҳо дар роҳ сармо хӯранд. Бисёриҳо дучори илтиҳоби шуш шуда, як нафар даргузашт ва баъди ин қоидае ҷорӣ шуд, ки ҳангоми даъват, ҳатто агар ҳаво гарм буд, ба сарбозони навхат сару либоси гарм ҳам дода мешавад".

Вай ба нақши муҳими Кумитаи модарони сарбозон дар Русия ҳамчун нирӯи муҳиме ишора кард, ки мавридҳои поймолкунии ҳуқуқи
"Aндешаи "дарси зиндагӣ будани хизмати сарбозӣ" ва "як чизи маъмулӣ будани сахтиҳои артиш" наметавонад сабаби азият ва кушта шудани сарбозон шавад."
наваскарон, азияту бадарафторӣ нисбати онҳоро сабт карда, то мақомоти ҳифзи қонуну раҳбарияти кишвар мерасонад. "Онҳо сару садои зиёд мекунанд", - гуфт Павел Фелгенгауэр, - «ва бо ин кор пеши роҳи ҳодисаҳои ҳамсони дигарро дар оянда мегиранд». Вай афзуд, ки дар ҷомеаҳои мисли Тоҷикистон назорати ҷамъиятӣ ва фаъолияти расонаҳову матбуот дар ин самт бояд тақвият дода шавад.

"Барои мубориза бо ингуна ҳодисаҳо фақат як роҳ вуҷуд дорад. Тавре Горбачев мегуфт, ошкорбаёнӣ лозим аст. Бояд аҳли ҷомеа аз ингуна ҳодисаҳо огоҳ шаваду барои ҳалли он ҷалб шавад. Хуб мешуд агар парлумон мустақил мебуд, яъне вақте, ки вакилон на аз мақомот, балки аз раъйдиҳандагони худ вобаста ҳастанд, он вақт онҳо манфиатдор буданд, ки ғамхории худро дар ҳаққи мардуми оддӣ ба намоиш гузоранд. Яъне, ин он чиз аст, ки ҳамчун як низоми демократӣ ёд мешавад".

Таҳлилгари низомӣ афзуд, ки ҳодисаҳои бадрафториву хушунат ва ё бепарвоӣ нисбати ҳаёти сарбозонро мешавад дар ҷомеаҳои на фақат шӯравии пешин, ки гуфта мешавад, мушкили мисли меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" аз он ҷо ба мерос омадааст, балки дар дигар давлатҳо ҳам гоҳо мушоҳида кард. Фақат масъала дар ин аст, ки ин ҷо бо сабаби шадид будани назорати ҷамъиятӣ ингуна ҳодисаҳо зуд таҳқиқ ва пешгирӣ мешавад. Оқои Фелгенгауэр гуфт, ки андешаи "дарси зиндагӣ будани хизмати сарбозӣ" ва "як чизи маъмулӣ будани сахтиҳои артиш" наметавонад сабаби азият ва кушта шудани сарбозон шавад, ки як чизи ғайри қобили қабул аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG