Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз рӯзи 14-уми апрел то шоми 17-уми апрел бемористони марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки аз маҳаллҳои дурдасти Тоҷикистон маҳсуб мегардад, пуропури сокинони маҳаллӣ буд, ки барои гирифтани даво муроҷиат кардаанд.

Дар ин шабу рӯз беш аз 300 сокини ноҳия аз пизишкон тавсияҳо ва доруву дармони ройгон дарёфтанд.

«…Ҳамин ҷо шунидем, ки доруи бепул медодаанд, омадам, ки як бор аз духтурон маслиҳат гирам. Ҳамин дасту поям карахт
мешавад, як моҳ табобат гирифтам, нашуд…
…Сарам бисёр дард мекунад, ҳеҷ илоҷашро наёфтем. Ин ҷо духтурони хориҷӣ омада будаанд, омадам, ки шояд онҳо ба дардам даво меёбанд…»


Аммо ин афроди дардманд на аз хидмати пизишкони маҳаллӣ, балки аз кӯмаки мутахассисони тиббӣ аз Ҳайати фармондеҳии амалиётҳои вижаи Қӯшунҳои хушкигарди баҳрии Амрико истифода намуданд. Ин табдир дар чаҳорчӯби лоиҳаи Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон оид ба кӯмаки тиббии ғайринизомӣ гузаронида шуд. Трейси Энн Ҷейкобсон, сафири Амрико дар Тоҷикистон, зимни боздид аз ҷараёни ин барнома, ба радиои Озодӣ гуфт, лоиҳа ба такмил додани тартиби табобати дардмандон ва маслиҳатдиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳо равона шудааст:

«Мо бемористони ноҳияи Панҷро бавижа барои он интихоб намудем, ки ин ноҳияи дурдаст аст, аз шаҳру навоҳии дигари вилояти Хатлон дар масофаи дур ҷойгир аст ва аҳолии калони 98 ҳазор нафара дорад. Азбаски бемористон ягона бемористон ва калонтарин муассисаи тиббии ин мавзеъ аст ва аз 32 маркази тиббии маҳаллӣ бемор қабул мекунад, гурӯҳи оид ба масоили ғайринизомии Артиши ИМА онро барои иҷрои лоиҳа баргузидааст».


Департаменти давлатӣ ва Вазорати дифоъи Амрико барои маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббие, ки баъд аз анҷоми лоиҳа ба беморхонаи Панҷ тақдим карда мешавад, беш аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додаанд. Маҳмадкарим Сафаров, сарпизишки бемористони ноҳияи Панҷ, гуфт, маводи пешниҳодшуда антибиотикҳо, сӯзандоруҳо, асбобҳои доругузаронӣ ба рагҳои хун, бандҳо ва дастгоҳҳои асосии тиббиро дар бар мегиранд. Оқои Сафаров гуфт, ки доруву дармони пешниҳодшуда бавижа дар ҳоле ки сокинони ноҳияи Панҷ бо хатари ҳамешагии хуруҷи бемориҳои мусрӣ, ба мисли домана, мувоҷеҳ ҳастанд, кӯмаки саривақтист:

«Дар ҳоле ки имрӯзҳо бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳама кишварҳоро фаро гирифтааст, бемористони мо ҳам аз норасоии доруву дармон танқисӣ мекашид. Аммо ҷониби Амрико ба мо ба маблағи 50 ҳазор доллар кӯмак расониданд, ки шояд барои як мӯҳлати муайян кифоят кунад. Доруворе, ки ба мо тақдим шуд, барои бемориҳои шадиди роҳи нафас, дарунрав ва ғайра пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияи мо, мисли дигар минтақаҳо ҳам, беморони шадиди роҳи нафас зиёд мушоҳида мешаванд. Масалан, аз 115 нафаре, ки дар беморхонаи марказии ноҳия бистарианд, 17 нафарашон мубталои бемориҳои сирояткунанда, асосан бемории шадиди роҳи нафас ҳастанд».

Ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар марзи Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон воқеъ аст. Ба суоли радиои Озодӣ оид ба ин ки оё дар назар нест, ки ба сабаби вуҷуди мушкилот дар бахши беҳдоштии Афғонистон шаҳрвандони он кишвар дар бемористони ноҳияи Панҷи Тоҷикистон муолиҷа бигиранд, сафири Амрико хонум Ҷейкобсон гуфт, ин идеяи хуб аст. Вай афзуд, истисно намекунад, ки дар оянда бо кӯмаки давлати Амрико миёни Тоҷикистону Афғонистон дар бахши нигаҳдории тандурустӣ ҳам равобити фаромарзӣ барқарор карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG