Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи сарҳанги қирғиз мавқуф гузошта шуд


Муҳаммади Салимзода, афсари собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ки ҳоло бо ҷурми ҷосусӣ алайҳи Тоҷикистон ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар курсии додгоҳи олии ин кишвар нишастааст, аз тариқи вакилони мудофеи худ ва пайвандонаш ба ҳукумати Қирғизистон муроҷиат кардааст, ки ӯ бегуноҳ аст ва вайро ба ватанаш баргардонанд.

Ҳоло мурофиаи Муҳаммади Салимзода бинобар аз тарафи вакилони мудофеаш ба додгоҳ пешниҳод шудани асноди лозима дар мавриди бегуноҳии ӯ то оғози ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд.

Муҳаммади Салимзода мутаваллиди шаҳри Душанбе буда, бо шуруи нооромиҳои соли 1993 дар Тоҷикистон бо хонаводааш ба Бишкек муҳоҷир шуда ва шаҳрвандии Қирғизистонро ба даст овардааст.

Дилбари Мунавварӣ, ҳамсари Муҳаммади Салимзода, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, имрӯз дар ҳузури муфаттишон бо шавҳараш мулоқот намудааст. Вай гуфт, ҷараёни додгоҳии ҳамсараш дар ҳайати мушовираи низомии додгоҳи олӣ оғоз шуда ва дар паси дарҳои баста сурат мегирад.

Хонуми Салимзода афзуд, «дар мулоқот бо ҳамсарам тавонистам як ба як ҳамаи масъаларо дар миён гузорам. Вай бо ҷосусӣ ва бо кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор дониста мешавад. Шавҳари ман ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунад. Ва ин ҳама амалҳо алайҳи ӯ ба таври маснуӣ сохта шудаанд. Ҳангоми бозпурсии ӯ аз тамоми васоили зуроварию шиканҷа кор гирифта шудааст. Вай зери фишор маҷбур шудааст, ки гуноҳро ба гардан гирад. Ҳоло вай ҳамаро рад мекунад. Ва ҳамаи иттиҳомот алайҳи худро беасос мешуморад. Ҳоло аз ҳукумати Қирғизистон тақозо дорад, ки ҳарчӣ зудтар ӯро ба Бишкек баргардонанд».

Ҳангоми бозпурсии ӯ аз тамоми васоили зуроварию шиканҷа кор гирифта шудааст. Вай зери фишор маҷбур шудааст, ки гуноҳро ба гардан гирад ва ҳоло ҳамаро рад мекунад ...
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар паси дарҳои баста ҷараён гирифтани парвандаи Муҳаммадӣ Салимзодаро тасдиқ намуд ва гуфт, бо пешниҳоди асноди лозима роҷеъ ба бегуноҳии Салимзода додгоҳ рӯзи ҷумъа зарур шуморид, идомаи мурофиаро то рӯзи Душанбе мавқуф гузорад.

Раёсати бозрасии парвандаи Муҳаммади Салимзодаро додраси додгоҳи олӣ Насим Ҳасанов бар душ дорад. Аммо дар бораи ҷузъиёти мурофиаи Муҳаммади Салимзода аз ин бештар додгоҳи олӣ иттилоъ намедиҳад. Танҳо пайвандонаш, ки аз аҳволи ӯ хабар мегиранд, аз вазъи оғои Салимзода хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи ҳамсари Салимзода, мақомоти амниятии Тоҷикистон ба ҷуз навори садоии як сӯҳбати телефонӣ дигар далели ҷиддӣ алайҳи ӯ надоранд.

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон Муҳаммади Салимзодаро дар моҳи августи соли гузашта дар як маросими сур дар вилояти Суғд боздошт кардаанд. Муҳаммади Салимзода замоне, ки ба Бишкек муҳоҷир шуда буд, дар соли 1993 ба ин ҷониб дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар адои хизмат мекардааст.
XS
SM
MD
LG