Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи Сафед асноди махфии давраи Бушро нашр кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, изҳор намуд, он кормандони Хадамоти марказии кашф, ки аз тарзҳои хашини пурсуҷӯи гумонбарони терроризм кор гирифта ва аммо аз чаҳорчӯби дастурҳо берун нарафтаанд, муҷозот нахоҳанд шуд. Обама аз нахустин рӯзи вориди Кохи сафед шудан тарзу услуби сангини пурсуҷӯ, аз ҷумла, маҳрумсозӣ аз хоб ва шиканҷа бо истифода аз обро манъ кард. Маъмурияти нав ба кормандони хадамоти кашф тавсия дод, ки аз дастурҳои барои низомиёни амрикоӣ таҳияшуда истифода баранд. Изҳороти Барак Обама баъди он пахш шуд, ки Кохи Сафед дар мавриди нашри чаҳор санади махфӣ тасмим гирифт – дар ин аснод, ки замони қудрати Ҷорҷ Буш таҳия шудаанд, тарзу усулҳои пурсуҷӯ аз сӯи кормадони Хадамоти марказии кашф пурра ташреҳ шудааст . Барак Обама изҳор намуд, ки ҳадаф аз нашри ин санадҳо – бадномсозии маъмурияти Ҷорҷ Буш нест.
XS
SM
MD
LG