Пайвандҳои дастрасӣ

Ходимони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Дубай бо шаҳрванди боздоштшудаи тоҷик Мақсудҷон Исматов то ҳанӯз иҷозаи дидор нагирифтаанд.

Абдулло Юлдошев, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, мақомоти консулгарии Тоҷикистон дар аморати Дубай бо мақомоти интизомии ин аморат чаҳор бор дидор доштанд, вале ҳанӯз иҷозаи мулоқот бо шаҳрванди Тоҷикистонро нагирифтаанд.

Мақсудҷон Исматов дар баробари даҳҳо нафари дигар аз маҳдудаи собиқ Шӯравӣ пас аз куштори Сулим Ямадаев, яке аз фармондеҳони чечен дар Дубай, аз ҷониби мақомоти интизомии ин аморат боздошт шуда буд. Даҳҳо фарди дигар аз боздоштгоҳ раҳо шуда буданд, вале шаҳрванди Тоҷикистон бо чанд нафари дигар ҳамоно дар боздошт қарор дорад.

Ҷаноби Юлдошев гуфт, тафтишот дар ин самт идома дорад ва Вазорати умури хориҷӣ дар ҷараёни қазия аст.
XS
SM
MD
LG