Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои Ҳимматзода: Эътироз ё интрига?


Муҳаммадшариф Ҳимматзода, пешвои маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, пешвои маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Истеъфои пешвои маънавии ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз мақоми вакилӣ дар порлумон дар маҳофили сиёсӣ вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст.

Агар иддае ин тасмими ҷаноби Ҳимматзодаро вокуниш ба қонуни нави дин медонанд, иддае дигар мегӯянд, ин иқдом, ки дар ростои интихоботи навбатии порлумонӣ сурат мегирад, аҳдофи сиёсӣ дорад.

Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, бо ин тасмими Муҳмамадшариф Ҳимматзода ҳизбаш мехоҳад он шӯҳратеро, ки дар замони зиндагонии раҳбари собиқи он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дошт, дубора баргардонад. Ба бовари вай, ин тасмими Ҳимматзода назар ба мухолифатҳои ҳизби наҳзат дар баробари қонуни нави дин, ба оғози омодагиҳои ин ҳизб ба интихоботи навбатии Маҷлиси Намояндагон наздиктар аст. Вай мегӯяд, “аввалан, ваколати вакилии Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар порлумон ба охир мерасад. Илова ба ин, нуфузи Ҳизби наҳзати исломӣ дар пеши сокинон поин рафтааст ва мақомоти ҳизб мехоҳанд, ба ин восита имиҷи худро боло баранд. Аз ин дидгоҳ тарки курсии вакилӣ кардани ҷаноби Ҳимматзода як бозии сиёсӣ ҳасту тамом”.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар, чанд рӯз пеш аз мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон истеъфо дод. Ҷаноби Ҳимматзода тасмими қатъи ваколати худ дар порлумонро вокуниш ба иқдомоти раиси Маҷлиси Намояндагон номидааст, ки ҳама имтиёзоти вакилии ӯро лағв кардааст. Муҳаммадшариф Ҳимматзода гуфтааст, нороҳатӣ ва муносибати нохуби раҳбарони маҷлис бо ӯ аз вокунишҳояш ба қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ об мехӯрад.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, ҳам иқдоми раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро навъе аз эътирози ин ҳизб ба қабули қонуни дин аз сӯи давлат медонад. Аммо Мӯсо Асозода, сиёсатшиноси тоҷик, дар ин маврид бо назари Абдуғанӣ Мамадазимов ва Амнияти Абдулназар мувофиқ нест. Вай истеъфои Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро мавқеи танҳо Ҳимматзода медонад, на ҳизби ӯ, ки мехоҳад ин навбат ҳам дар интихобот ширкат кунад. Вай аз ҷаноби Ҳимматзода ба унвони шахсияти маъруфи Тоҷикистон ном мебарад, ки дар имзои созишномаи сулҳи тоҷикон даст дорад ва наметавонад дар ин лаҳзаҳои барои ҳукумати Тоҷикистон ҳассос интрига созад. Вай мегӯяд, “гумон мекунам, ин тасмими шахсии худи Муҳаммадашриф Ҳимматзода аст ва на ба сиёсати феълӣ на ба интихоботи оянда таъсири мустақиме надорад”.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури сиёсӣ, истеъфои Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро ба се омил - вокуниш ба қонуни нави дин, оғози омодагиҳо ба интихобот ва эътирози мухолифин - марбут медонад. Вай мегӯяд, мухолифати башиддати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баробари қонуни дин барои ин ҳама фурсати муносибе буд, ки ҷаноби Ҳимматзода тавонист аз он истифода ва ба ин васила барои худу ҳизбаш ба унвони мухолифони тавоно хол зам намояд.

Бо вуҷуди ин ҳама, ин нахустин мавриди истеъфои довталабона дар порлумони Тоҷикистон баъд аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 аст, ки аз сӯи яке аз роҳбарони мухолифини пешини тоҷик садо дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG