Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Покистон кумак мекунад


Ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ду соли оянда ба Покистон барои мубориза бо фақр ва рушди бахшҳои маорифу ҳифзи сиҳат 5 миллиард доллар тахсис медиҳад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти кишварҳои сармоягузор дар Токио тасмим гирифта шуд. Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон зимни сухаронӣ дар ин нишаст ваъда дод, ки бо ҳама гуна хушунату зӯровариҳо дар кишвар беамон мубориза хоҳад бурд. Аз ин пеш Сандуқи байнулмилалии пул ҳафту ним миллиард доллар қарз барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони иқтисодиро дар ихтиёри Исломобод гузошта буд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз он нигарон аст, ки дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ шояд пуштибонии созмони “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ аз сӯи мардуми Покистон бештар шавад.
XS
SM
MD
LG