Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Дар Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ додааст, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид, дигарӣ бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол ёфт. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз оғози сол дар Русия бар пояи адовати қавмӣ 20 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуданд. Раиси Бюрои ҳуқуқи башари шаҳри Маскав Александр Брод ба “Интерфакс” гуфтааст, ки дар маҷмӯъ шаҳрвандони дигар кишварҳо 70 бор мавриди ҳамлаи миллатгароҳои рус қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, миллатгароҳо ва “сартарошидаҳо”-и рус аз ҳама бештар ба шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон, Ветнам ва кишварҳои африқоӣ ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG