Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба раҳбари "куртазардҳо" дар Тайланд


Имрӯз дар Тайланд бар асари як сӯиқасд бунёдгузори ҷунбиши “куртазардҳо” маҷрӯҳ шуд. Ба иттилоъи расмӣ, субҳи барвақт афроди ношинос дар назди бунгоҳи фурӯши бензин мошини Сондхи Лимтхонкуларо тирборон карданд. Раҳбари “куртазардҳо” бо ҷароҳати сар ба бемористон интиқол ёфт. Сондхи Лимтхонкула дар барканории сарвазири пешин Таксин Шиноватра саҳм дошт ва аз ин рӯ мақомоти кишвар ин ҳодисаро бо интиқом аз сӯи "сурхкуртаҳо"-и мухолифи ҳукумат марбут мекунанд. Чанд рӯз пеш ҷонибдорони Шиноватра дар Бангкок тазоҳурот карданд, ки ба хушунат печид ва дар бархурди “сурхкуртаҳо” ва артиш ду нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 80 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG