Пайвандҳои дастрасӣ

Навгониҳои варзиш


Дастаи мунтахаби мардонаи тенниси Тоҷикистон дар сабқати минтақаи Осиёву Уқёнус барои дарёфти Ҷоми Дэвис, ки дар Сурия ҷараён дорад, дар нахустин дидори худ аз тими Уқёнуси Ором мағлуб шуд.

Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» боз бо тимҳои Лубнон ва Сингапур бозӣ хоҳад кард.

---------------------------------------------------------

Рӯзҳои 18-ум ва 19-уми апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии гуштии дзюдои Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар сабқати ҷумҳуриявӣ беш аз 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат хоҳанд кард, ки байни онҳо қаҳрамонҳои соли гузашта Ҷамшед Халилов, Фаррух Собиров, Ҷӯрахон Назаров, Ҳикматуллоҳ Ҳикматов, Нуруллоҳ Шарипов ва дигарон ҳастанд.

--------------------------------------------------------

18-уми апрел дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти кишвар дави марафонӣ доир мешавад.

Дар ин пойга намояндагони вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок хоҳанд кард. Инчунин дар дави марафонӣ метавонанд намояндагони дигар манотиқи кишвар аз рӯи меъёри муқарраршуда ширкат варзанд. Ба ғолиби пойга 5 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои дуввуму севумро мегиранд, мутаносибан 4 ҳазор ва 3 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

--------------------------------------------------------

Бозиҳои даври севуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 18-ум ва 19-уми апрел барпо мегарданд.

Рӯзи шанбе се бозӣ сурат мегирад. Дастаҳои мизбон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Истиқлол»-и Душанбе ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - рақобат мекунанд. Ду бозии дигар рӯзи якшанбе байни дастаҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен, «Гвардия»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода доир хоҳанд шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG