Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сарбозро сармо зад ва сеи дигар бедарак шуд


Як афсар ва ду сарбози қисмҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ишкошим бо нишонаҳои сармозадагии дасту пой ба шӯъбаи фаврии бемористони марказӣ дар Хоруғ омадаанд.

Пизишкон вазъи саломатии афсарро ваҳим арзёбӣ намуда, мегӯянд, ки эҳтимол дорад, бемор аз пойҳояш, ки сармо ба онҳо сахт таъсир расондааст, маҳрум шавад. Сарбозон пас аз кумаки фаврӣ ба онҳо барои идомаи муолиҷа ба госпитали ҳарбӣ дар Хоруғ фиристода шуданд.

Пизишки муолиҷакунанда Ташриф Абдуллобеков ҳолати сарбозонро вазнини миёна баҳо дода гуфт, ки дар сурати шиддат гирифтани беморӣ пизишкон омодагӣ мебинанд, ки сарбозонро барои ҷарроҳии по аз нав қабул кунанд. Пизишк баён дошт, афсар ва сарбозон, ки яке сокини Ишкошим в ду нафари дигар аз Суғд барои хизмат даъват гардидаанд, шаби 14-уми апрел ба шӯъбаи фаврии бемористон оварда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол афсар Амонбек Давлатқадамов, ки пизишкон барои ҷарроҳҳи пойҳояш омодагӣ мебинанд, дар гуфтугӯ бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки вуқуи ногаҳонии тундбоди омехта бо барфу борон боис шудааст, ки вай бо 5 нафар сарбозе, ки ба манзури иваз намудани гурӯҳи сарбозон дар як нуқтаи дигари дидбонгоҳӣ пои пиёда мерафтанд, раҳгум зада, зиёда аз як шабонарӯзро дар сармо сипарӣ кунанд. Афсар таъид намуд, ки ҳамзамон се сарбози дигари ҳамроҳашон бедарак шуда, ҷустуҷӯяшон аз ҷониби мақомоти марбута идома дорад.

Ба гуфтаи афсар, набуди нақлиёт ва васоити мухобиротӣ ба вуқуи чунин ҳодиса дар дидбонгоҳи марзбонӣ, ки дар дашти нопайдоканори Помири Шарқӣ мақар дорад, сабаб гардидааст.

Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ Фармон Шарифов таъйид намуд, ки ҷустуҷӯи сарбозони бедаракшуда, чанд рӯз боз идома дорад ва барои ҷустуҷӯ гурӯҳҳои тақвиятӣ сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG