Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи навбатии "Ҷаҳони варзиш" ба масоили варзиши тенниси рӯи миз дар Тоҷикистон бахшида шудааст.

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон шурӯъ мешавад.

Созмондиҳандагони Бозиҳои тобистонаи олимпиии соли 2012 дар Лондон ба иллати ҷавоби радди баъзе сармоягузорон аз маблағгузории Деҳаи олимпӣ, барои бунёди ин деҳа 225 миллион евро қарз хоҳанд гирифт. Бонки аврупоии сармоягузорӣ барои ихтисоси маблағ пешакӣ розигӣ додааст. Умуман, барои сохтмони ин деҳа бахши хусусӣ мебоист 1 миллиард евро сармоягузорӣ мекард.
Миллиардери бразилӣ Эйка Батиста барои сохтмони иншооти варзишӣ дар Рио-де-Жанейро ҷиҳати баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 чоруним миллиард доллар эҳдо кард. Эйка Батиста аз ҳама бойтарин сокини Бразилия мебошад, ки ҳаҷми дороиаш 20 миллиард долларро ташкил медиҳад. Вай чеки бонкиро ба раиси Кумитаи олимпии Бразилия тақдим намуд. Бояд тазаккур дод, ки Рио-де-Жанейро барои ҳаққи мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 бо Мадрид, Чикаго ва Токио мубориза мебарад.

Қувваозмоӣ барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сангинтарин аз рӯи ривояти WBA – Созмони ҷаҳонии бокс байни Николай Валуеви русиягӣ ва Руслан Чагаеви узбакистонӣ 30-юми май баргузор хоҳад шуд. Пойтахти Финляндия – шаҳри Хелсинки, инчунин шаҳрҳои Нюрнберг ва Хале-Вестфалени Олмон муддаъиёни мизбонии ин сабқат мебошанд. Маблағи ҷавоизи ин набард 2 миллиону 814 ҳазор доллар муқаррар шудааст, ки пас аз қувваозмоӣ ба Чагаев 55 дар сад ва ба Валуев 45 дар сади ин маблағ супурда хоҳад шуд.
Додгоҳи зидди фасоди Романия якчанд довар ва соҳиби дастаи футболи Аргесро, ки дар дивизиони аввали ин кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, бо иттиҳоми фасод дастгир намуданд.

Корнел Пенеску ва чор довар бо ҷурми гирифтани ришваи баробар бо 125 ҳазор евро 24 соатро дар боздоштгоҳ сипарӣ намуданд. Дастаи Аргес ҳоло дар Лигаи аввали Романия дар ҷои даҳум қарор дорад.

Афсарон ҳуҷраҳои кории иттиҳодияи футболи ин кишварро кофтуков намуданд. Раиси он Мирчеа Санду иброз дошт, ки чунин вазъ ғайри қобили қабул аст. Санду таъкид кард, ки иттиҳодияи футболи Романия дар ин қазия ҳеҷ нақше надорад. Ӯ хотирнишон намуд, ки феълан доварҳоро аз боздоштгоҳ раҳо намудаанд.

Расонаҳои Романия солҳо инҷониб аз ҷой доштани фасод дар футболи ин кишвар шикоят мекарданд.
Георгий Бечалӣ соҳиби дастаи Стяуаи Бухарест чемпиони Романия бояд рӯзҳои наздик ба суолҳои додгоҳ дар бораи ришвадиҳӣ посух диҳад. Бечалиро бо додани як миллиону ҳафтсад ҳазор евро пора барои таъмини бурди Стяуа дар бозиҳои муҳим муттаҳам мекунанд.

Сипас дар ин барнома мо дар бораи натоиҷи бозиҳои даври дуввуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон маълумот медиҳем. Сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе Салоҳиддин Ғафуров ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода Маҳмадҷон Ҳабибуллоев роҷеъ ба ҳунарнамоии шогирдони худ ибрози назар мекунанд.

Дар ин барнома, инчунин, мусоҳибаи мо бо сармураббии дастаи мунтахаби тенниси рӯи мизи Тоҷикистон Фарҳод Исмоилов дар бораи вазъи имрӯзаи ин навъи олимпии варзиш дар кишвар ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG