Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзӯъи баҳси Баучер ва Бердимуҳаммадов


Дипломати аршади Иёлоти Муттаҳида умедвор аст, ки бо Туркманистон дар масъалаи интиқоли маводи ғайринизомӣ ба Афғонистон ба созиш хоҳад расид. Ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Ричард Баучер, ин мавзӯъро бо раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Ишқобод баррасӣ кард. Вошингтон то ҳоло ризоияти Русия, Қазоқистон ва Узбакистонро дар масъалаи интиқоли маводи ғайринизомӣ аз қаламрави онҳо ба даст овардааст. Баучер мегӯяд, ҳукумати нави Иёлоти Муттаҳида ба Осиёи Марказӣ аҳамияти вижа қоил аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG