Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Ҷорҷ Митчелл бо Маҳмуд Аббос


Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна, Ҷорҷ Митчелл дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва дигар раҳбарони фаластинӣ мулоқот кард. Дирӯз вай дар Байтулмуқаддас бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот дошт, ки барояш гуфт ӯ ва ҳукуматаш эътирофи расмии давлати яҳудиро аз тарафи фаластиниҳо пешшарти оғози музокирот мешуморанд. Музокиракунандаи аршади фаластиниҳо, Соиб Ареқот, сарвазири нави Исроилро ба лағви дастовардҳои раванди сулҳ айбдор кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG