Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи қотили муҳоҷирон дар Санкт-Петербург


Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербург як шаҳрванди 24-солаи Русияро барои силсилаи ҳамлаҳо ба зодагони Осиёи Марказӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Антон Алексеев ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистон иқрор кард. Вай ҳардуро бо зарбаи корд ба сари синаашон ба қатл расондааст. Дар ҳоле ки Алекссев танаффурро сабаби асосии ҳамлаҳои худ номид, додгоҳ ӯро дар расондани зарари ҷисмонӣ, ки аз рӯи беэҳтиётӣ сабаби марг шудааст, айбдор донист.
XS
SM
MD
LG