Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбари телевизиони давлатии ин кишвар Беглӣ Алиевро барои "иштибоҳҳои ҷиддӣ" аз мақомаш барканор кард. Фармони нав як рӯз баъд аз барканории сардабири рӯзномаи давлатии " Туркманистон" Аннамурод Пӯлодов ба вуқӯъ пайваст. Журналистони маҳаллӣ мегӯянд, барканории Пӯлодови муҳофизакор метавонад, оғози бозтар шудани кори расонаҳои давлатии Туркманистон бошад.