Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷике ба қатли "скинхедҳо" муттаҳам шуд


Бино ба гузориши расонаҳои Русия, мақомоти интизомии ин кишвар дар пайи ҷустуҷӯи як шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, ки се ҷавони руси мутаалиқи гурӯҳҳои сартарошидаро ба қатл расонидааст. Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, дар як муноқишае дар рӯзи 28 март дар шаҳри Коломнаи вилояти Маскав ҷавони тоҷик бо зарби корд яке аз ҳамлаваронро дар маҳалли ҳодиса куштааст ва ду тани дигари онҳо дар бемористон ҷон додаанд. Хабаргузориҳо аз қавли Сергей Забатурин – раҳбари идораи минтақавии милиса, навиштаанд, ҳуввияти шаҳрванди Тоҷикистон мушаххас шудааст. Сергей Забатурин гуфтааст, ин фард зоҳиран дар Тоҷикистон паноҳ мебарад ва онҳо аз мақомоти расмӣ хостаанд, то ӯро ба Русия истирдод кунанд.
XS
SM
MD
LG