Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти муҳими Русия ва Амрико


Вазорати умури хориҷаи Русия мегӯяд, ин кишвар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳафтаи оянда музокирот доир ба паймони нави коҳиши силоҳҳои ҳастаиро оғоз хоҳанд кард, ки як паймони таърихии замони Ҷанги Сардро иваз хоҳад кард. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев ваъда додаанд, то замони хотима ёфтани Паймони Стратегии Коҳиши Силоҳҳои Ҳастаӣ дар моҳи декабри ҳамин сол паймони наверо имзо хоҳанд кард. Паймони қадимаи имзошуда дар соли 1991 теъдоди мушак ва кулоҳакҳои ҳастаии Амрико ва Русияро сахт маҳдуд мекунад. Андрей Нестеренко – сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, музокирот рӯзи 24 апрел дар шаҳри Рум оғоз мешавад ва ҳамчунин Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия моҳи май бо Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амарико дар бораи паймони нав гуфтӯгу хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG