Пайвандҳои дастрасӣ

Даромади хонаводаи Обама ошкор шуд


Барак Обама ва ҳамсари ӯ Мишел Обама мегӯянд, соли гузашта тақрибан 2 миллион 700 ҳазор доллар даромад доштаанд. Ҳукумати Амрико рӯзи чаҳоршанбе иттилоъот доир молиёти пардохтаи хонаводаи Обамаро нашр кард ва гуфт, онҳо соли гузашта ба буҷаи давлат 855 ҳазор доллар, ё 32 дар сади даромадҳои худро пардохтаанд. Бештари ин пулҳоро Барак Обама аз ҳисоби фурӯши ду китоби худ ба даст овардааст, ки дар чанд соли гузашта дар Амрико серхаридор будаанд. Ба иттилоъи Кохи Сафед, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва ҳамсараш соли гузашта 170 ҳазор доллари худро барои корҳои хайрия сарф кардаанд.
XS
SM
MD
LG