Пайвандҳои дастрасӣ

Қаросӯ: Розу ниёзҳои омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ


Идомаи силсилагузоришҳо дар бораи ҳаёти сокинони тоҷикитабори ноҳияи Қаросӯи вилояти Уш, ин дафъа ба фаъолияти мактабе ихтисос ёфтааст, ки забони таҳсилаш тоҷикӣ ва қирғизӣ аст.

Дар ин мактаб 13 синфи тоҷикӣ фаъол аст ва тоҷикони деҳаи “Правда” низ барои таҳсил ба ин мактаб меоянд. Баъд аз сӯҳбат бо омӯзгорони синфҳои тоҷикӣ рӯшан шуд, ки аксари онҳо фориғуттаҳсилони донишгоҳу омӯзишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон будаанд.

Баҳринисо Собирова, ки соли 1984 омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Ғармро хатм кардааст гуфт, 25 сол боз фарзандони тоҷиктабори деҳаашро дар рӯҳияи миллатдӯстӣ тарбия мекунад. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, аксари ҳамдеҳагонаш дар ноҳияи Ғарм ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлони Тоҷикистон хешу табори зиёде доранд. Хонум Баҳриннисо афзуд, бо вуҷуди мушкилоти зиёд ҷиҳати рафтуомади онҳо анъанаҳои хешутаборӣ беш аз пеш афзун мешавад. Баҳринисо Собирова гуфт, баъди хатми мактаби миёнаи деҳаашон вай тасмим гирифта буд, ки маҳз ба ноҳияи Ғарм меравад ва дар омӯзишгоҳи шаҳраки Навобод таҳсил мекунад. Ин орзуяш ҷомаи амал пӯшид.

Аз Баҳринисо Собирова пурсидем, ки оё барои синфҳои ибтидоии тоҷикии мактаби деҳаи “Правда” ё Тоҷикқишлоқ китобҳои дарсӣ мерасанд ё на. Баҳринисо бо таассуф гуфт, ки омӯзгорону шогирдони ин мактаб ба ҷуз эҳсоси камбуди китобҳои дарсӣ аз хондани рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон низ маҳруманд. Ба таъкиди ӯ, фарзанди онҳо кайҳост, ки маҷалла ва нашрияҳои тоҷикӣ нахондаанд ва аз ин рӯ, аксарияти онҳо шеъру афсонаҳои бачагона ба забони тоҷикиро фаромӯш кардаанд.

Наргис Нӯъмонова, хонандаи синфи ҳафтум мегӯяд, модараш баъд аз хатми донишгоҳи омӯзгорӣ дар мактабашон солҳои дароз аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод, вале ба далели тангии шароити иқтисодӣ дар ҳамин ҳол бо падараш, ки устои хонасоз аст, ба Русия барои кор рафтааст.

Зимни боздид аз мактаб ва сӯҳбат бо омӯзгорону шогирдони он аксарият шикоят карданд, ки китобҳояшон кӯҳнаву фарсуда гашта ва ғайри қобили истифода мебошад. Вале онҳо мегӯянд, дар ҳалли ин мушкили худ ночоранд ва намедонанд, ки чанд соли дигар аз ин китобҳои кӯҳнаву фарсуда истифода хоҳанд кард.

Бо вуҷуди эҳсоси камбудҳои зиёд дар робита ба китобҳои дарсӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона ба забони тоҷикӣ ҳувайдо буд, ки шогирдони синфҳои тоҷикии мактаби деҳаи “Правда” аз тоҷик будани худ ифтихор мекунанд. Онҳо иброз доштанд, ки Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ин ниёзи онҳоро ба Вазорати маорифи Тоҷикистон расонад, то китобҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ ҳарчӣ бештар дастраси онҳо шавад.
XS
SM
MD
LG