Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарбаи бӯҳрон ба нафақахӯрон


Сардори шӯъбаи раёсати оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Бадахшон Гулнисо Ширинҷонова дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, бӯҳрони иқтисодӣ бештар аз ҳама ба вазъи бознишастагон зарбаи шадид ворид намудаст.

Вай гуфт, таъхир дар пардохти нафақа ба вижа бознишастагонеро, ки нафақапулӣ барои хонаводаҳояшон воситаи асосии даромад мебошад, нигарон сохта, онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба умеди ҳалли мушкилот дари идораашонро «охурча» мекунанд. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи раёсат, пули нафақа фақат дар шаҳри Хоруғ пурра ва дар бештари навоҳӣ аз 57 то 71 дарсад пардохт шуда, қарздорӣ наздик ба 800 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои идораи молияи вилоят, таи се моҳи соли равон ҳамагӣ 55 дарсади маблағҳои мақсадноки баргардонданашавандаи буҷавӣ аз ҷумҳурӣ ворид шуда, ин маблағҳо умдатан барои пардохти музди меҳнат равона шудаанд. Сардори раёсати идораи молия Силмон Алишоев гуфт, маблағи воридотии буҷавӣ ҳатто барои пардохти музди меҳнат камӣ намуда, онҳо маҷбур шуданд аз ҳисоби маҳдуд намудани чорабиниҳои маърифатӣ ва варзишӣ ва амсоли инҳо музди меҳнатро ҷуброн кунанд.

Ба гуфтаи масъулини раёсат, коҳиши воридоти маблағҳои буҷавӣ ҳамчунин ба камшавии пардохтҳои иҷтимоӣ ва афзоиши қарздории идораҳо дар назди бунёди нафақа сабаб шудааст.

Дар Бадахшон зиёда аз 24 ҳазор бознишаста мавҷуд ва нафақаи миёна 103 сомониро ташкил медиҳад. Дар нишасти матбуотӣ изҳори нигаронӣ шуд, ки бинобар мушкилоти молиявӣ ахиран ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои ашхосе, ки синнашон ба нафақа расидааст, ба дарозо тӯл мекашад.

Аёзхон Сангов, як марди солманди деҳаи Япшорви маҳалли Бартанги ноҳияи Рушон мегӯяд, дар деҳот бинобар набуди бозор ва тиҷорат пули нафақа барои бештари хонаводаҳо ягона манбаъи даромад буда, таъхир дар пардохти он вазъи иҷтимоиашонро боз ҳам сангинтар месозад. Вай гуфт, аммо бархе аз сокинон маҳсулоти охиринашонро гирифта, дар бозори маркази вилоят ба фурӯш баровардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG