Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби мардонаи тенниси Тоҷикистон дар гурӯҳи севвуми сабқати минтақаи Осиёву Уқёнус барои дарёфти Ҷоми Дэвис, ки 15-уми апрел дар шаҳри Ҳалаби Сурия оғоз ёфт, ширкат дорад.

Ибод Шарифӣ, муовини раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Сабқати минтақавӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст. Бар асоси қуръакашӣ дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо тимҳои Лубнон, Уқёнус ва Сингапур бозӣ мекунад. Ба гурӯҳи дигар дастаҳои Шри-Ланка, Сурия, Эрон ва Арабистони Саъудӣ дохиланд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сергей Макашин, Мирҳусейн Яҳёев ва Бахтиёр Саъдуллоев шомиланд. Вале, мутаассифона, дар ин сабқат, беҳтарин теннисбози тоҷик Дилшод Шарифӣ, ки феълан дар Донишгоҳи Френсис Мериони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил мекунад, ширкат намеварзад. Воқеъан, Дилшод бар асоси санҷиши Конфронси Пич Белт беҳтарин теннисбози ҳафтаи охирини моҳи март байни теннисбозони донишҷӯи ИМА эълон шудааст».

Бозиҳои гурӯҳи севуми сабқати минтақавӣ, ки ба шакли давраӣ сурат гирифтааст, то 20-уми апрел идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG