Пайвандҳои дастрасӣ

Алӣ Бобоҷон ба Ереван сафар мекунад


Қарор аст, имрӯз Алӣ Бобоҷон - вазири умури хориҷаи Туркия, аз Арманистон боздид кунад. Ин ду кишвар талош доранд, ихтилофоти назарҳо доир ба гузаштаро, рафъ намоянд, ки солҳо боз монеъи ҳамкорӣ миёни Туркия ва Арманистон шудааст. Қарор аст, Алӣ Бобоҷон дар нишасти 20-уми вазирони Шӯрои Иқтисодии кишварҳои ҳошияи Баҳри Сиёҳ ширкат кунад, ки 12 узви он ҷӯёи ҳамкориҳои зичтарин иқтисодӣ мебошанд. Арманистону Туркия равобити дипломатӣ надоранд, чаро ки Туркия як маъракаи байналмилалиеро ба роҳ андохтааст, то қатли оми арманиҳо дар замони Империяи Туркони Усмонӣ наслкушӣ ва ё геносид эътироф шавад. Туркия меросбари ҳамон империя мегӯяд, дар он замон ҳеҷ гуна наслкушии арманиҳо сурат нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG