Пайвандҳои дастрасӣ

Хашми Дмитрий Рогозин аз барномаи НАТО


Дмитрий Рогозин - намояндаи Русия дар Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ, тамринҳои низомии барномарезишудаи ин созмон дар Гурҷистонро “як иғво” номидааст. Вай ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, ки бо ирсоли як нома ба унвони Яаап Де Ҳуп Скеффер – дабири кулли НАТО аз ӯ хостааст, то ин тамринҳои низомӣ дар охири моҳи май ва аввали июнро лағв кунад. Эъломи баргузории тамринҳои низомӣ дар Гурҷистон, дар ҳолест, ки паймони НАТО талош дорад, то равобити садамадидааш бо Русия баъди ҷанги ин кишвар бо Гурҷистонро беҳбуд бахшад.
XS
SM
MD
LG