Пайвандҳои дастрасӣ

Фалокати маргбор дар Қирғизистон


Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, бар асари лағжиши хок дар як рустои ҷанубии ин кишвар дасти кам 16 нафар ҳалок шудаанд. Абдусамад Фаёзов – аксари қурбониён аъзои се оилае будаанд, ки дар зери теппаи хатарнок хона доштаанд. Аз ин маҳалли номуносиб барои зист чанд соли пеш хонаводаҳоро ба макони амне кӯчонидаанд, аммо ин се хонавода онҷоро тарк накардаанд. Бориши зиёд ва обшавии барф чун дар Тоҷикистон аксар вақт сабаби лағжиши теппаҳо дар рустоҳои кӯҳии Қирғизистон мешавад.
XS
SM
MD
LG