Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талко ба коркарди маъданҳои кишвар рӯ овард


Корхонаи алюминийи Талко

Корхонаи алюминийи Талко

Шералӣ Кабиров, муовини раиси корхонаи алюминийи Талко гуфт, ин корхона дар ҳоли ҳозир аз истеҳсоли ҳар як тонна алюминий 700 доллар зарар мебинад.

Шералӣ Кабиров имрӯз, 16-уми апрел, дар мизи гирде дар Душанбе гуфт, бӯҳрони ҷаҳонии молӣ истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ва фурӯши онро коҳиш додааст. Ба қавли ӯ, дар соли 2008 ин корхона 410 000 тонна алюминий истеҳсол карда будааст ва феълан истеҳсоли алюминий дар корхона то ба 25 % коҳиш ёфтааст.

Кабиров гуфт, дар ҳоли ҳозир як тонна алюминий дар бозори ҷаҳонӣ 1250 доллар нарх дорад. Ва агар ин корхона солона 400 ҳазор тонна алюминий тавлид кунад ва бо ин нарх фурӯшад, дар он сурат 500 миллион доллар ба даст хоҳад овард, ки нисбат ба солҳои қаблӣ ҳудуди 50 % кам аст.

Талко аз бузургтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аст. Чанд соли ахир рӯи хусусигардонии он баҳсҳо идома доштанд, ки ахиран бо миллӣ гардонидани он анҷом ёфтанд.

Ба манзури таҳлили роҳҳои тавсеа додани фаъолияти корхонаи Талко, аз ҷумла, коркарди якчанд намуди маҳсулот аз алюминий барои фурӯш ба хориҷа, дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ бо шумули донишмандони Фарҳангистон ва пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ таъсис ёфт.

Дар нишасти имрӯз, Шералӣ Кабиров, муовини раиси Талко, донишмандон ва олимони тоҷикро бо барномаҳои ояндаи тавсеъаи корхона шинос кард ва гуфт, ҷиҳати коркарди канданиҳои фоиданоки кишвар, ки барои истеҳсоли алюминий заруранд ва ба манзури таъмини корхона бо ашёи хом, дар Ёвон ду корхонаи тавлиди хокаи криолит ва кислота сохта хоҳад шуд.

Дар ин маврид миёни донишмандон баҳс ба вуҷуд омад. Бозоралӣ Азизов, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гуфт, тавлиди кислота дар кишвар нигаронкунанда аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, сохтани ин корхонаҳо ва истифода аз конҳои мавҷуд дар Тоҷикистон аз лиҳози илмӣ таҳқиқ ва баррасӣ нашудааст. Аммо Шералӣ Кабиров ин иддаоҳоро баҳс миёни олимон хонд ва гуфт, фанновариҳои коркарди конҳои Тоҷикистон бар асоси чунин фанновариҳои мавҷуд дар Арманистон ва Озарбойҷон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG