Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ дар ҷустуҷӯи 14 узви ҲИУ


Мақомоти Додситонии вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд аз боздошти 6 узви ҲИУ, аз ҷумла раҳбари минтақавии он дар Исфара, дар се моҳи гузашта иттилоъ доданд.

Анвар Қаюмов, ки раҳбари минтақавии Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ноҳияи Исфара, ном бурда мешуд, дар аввали соли ҷорӣ бо дархости Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Кобули Афғонистон боздошт ва дубора ба кишвар фиристода шуд.

Музаффар Боқиев, иҷрокунандаи вазифаи додситони Суғд, гуфт, ин афрод барои содир кардани як идда ҷиноёти вазнин, аз ҷумла, ҷинояти марбут ба терроризм ва ҳамдастӣ барои ҳамлаи мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳрии Қайроққум дар соли 2006 айбдор мешаванд. Ҷаноби Боқиев афзуд, боз шахсияти 14 нафар узви ҲИУ дар вилояти Суғдро муайян ва нисбати онҳо парванди ҷиноӣ боз кардаанд, ки феълан дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG